Ярмаркаҳо бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки дар соҳаи сайёҳии дохилӣ фаъолият мекунанд, муаррифӣ ва таблиғи маҳсулоти нави сайёҳии аз ҷониби туроператорон таҳияшуда ва ҷалби васеи харидорони хадамоти сайёҳӣ ташкил карда мешаванд.
Интизори меравад, ки дар кори ярмаркаҳо тақрибан 1000 субъекти соҳибкорӣ ва беш аз 10 000 меҳмон ширкат намоянд. Барномаи ярмаркаҳо сафарҳои иттилоотӣ ба маконҳои нави сайёҳӣ, мулоқотҳои B2B ва B2C, музокирот ва бастани шартномаҳо, муаррифии маҳсулоти нави сайёҳӣ ва муҳокимаи масъалаҳои гуногуни соҳаро фаро хоҳад гирифт.
Вақти баргузории ярмаркаҳои сайёҳии дохилӣ дар минтақаҳо:
5 март – вилояти Бухоро
15 март – Ҷумҳурии Қароқалпоқистон
16 март – вилояти Сурхондарё
23 март – вилояти Сирдарё
25 март – шаҳри Тошканд
25 март – вилояти Қашқадарё
25 март – вилояти Намангон
26 март – вилояти Тошканд
27 март – вилояти Навоӣ
28 март – вилояти Хоразм
28 март – вилояти Самарқанд
9 апрел – вилояти Ҷиззах
Апрел – вилояти Фарғона
17 апрел – вилояти Андиҷон








