Дар минтақаҳои Ӯзбекистон низоми автоматиконидашудаи идоракунӣ ва назорати диспетчерӣ ҷорӣ карда мешавад

    Нақлиёт 15 Avgust 2023 1384

    Бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон № ҚП-59 «Дар бораи чораҳо оид ба ислоҳсозии соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ» гузошта шудаанд, таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ омӯхта мешавад.

    Аз ҷумла, сардори раёсати нақлиёти вилояти Хоразм Р.Бабаев зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки соҳибкорони ба нақлиёти мусофирбар машғулбуда бо фаъолияти маркази хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Ляочан шинос шуд. Шароити ташкили хизмати диспетчерии гаражи автобусҳо ва нигоҳубини автобусҳо омӯхта шуд.

    Ҳамчунин, дар ҷараёни боздид бо ширкати тавлидкунандаи муҳаррики “Weichai Power Co., Ltd.” дар мавриди ҳамкорӣ бобати хидматрасонии доимӣ ба 100 автобуси нав, ки ба вилояти Хоразм оварда мешаванд, тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates