Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Йерликая, дар натиҷаи заминларза се бино ва як мағоза фурӯ рехтанд. Ҳеҷ кас осеб надидааст.
Ҳодисаи зилзила 27 октябр, соати 22:48-и шабона рух дода, маркази заминларза дар умқи қариб 6 километр ҷойгир будааст. Йерликая илова кардааст, ки ҳамаи сокинони биноҳои фурӯрафта кӯчонида шудаанд.
Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки заминларза дар вилоятҳои ҳамсоя низ эҳсос шудааст. Вай афзуд, ки мутахассисон аллакай дар минтақаи зарардида кор мебаранд, хабар медиҳад kommersant.ru.








