Дар Русия муддати будубоши муваққатии муҳоҷирон бидуни санксия то 30 сентябр дароз карда шуд

    Муҳим 15 Iyun 2021 618

    Президенти Русия Владимир Путин бо фармони худ аз Федератсияи Русия муддати манъи берун намудани хориҷиёнро то 30 сентябр дароз намуд.

    Дар ин бобат ТАСС бо истинод ба хидмати матбуоти Кремл хабар додааст.

    Қаблан муддати чунин меъёр 15 июн ба итмом расида буд.

    «То 30 сентябри соли 2021 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар ҳудуди ФР қарор доранд, ягон қарор дар шакли маҷбуран аз ҳудуди ФР берун кардан, дар бораи депорт ва ё боздодан ба давлати хориҷӣ бинобар қарордоди байналхалқии ФР дар бораи реадмиссия, қарор дар бораи иҷозат надодан барои дохил шудан ба ФР ё худ номақбулии будубош дар ФР, дар бораи кӯтоҳ намудани муддати замони будубош дар ФР қабул карда намешавад» – гуфта шудааст дар фармон. Мисли пешин, ин гузаштҳо барои хориҷиёне эътибор надорад, ки аз ҳабсхонаҳо озод шудаанд ва ё барои бехатарии миллии Русия хатар эҷод менамоянд.

    Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 фармони Президенти Русия Владимир Путин эътибор пайдо намуд, ки низоми он барои тамоми шаҳрвандони хориҷӣ муваққатан мондан ва кор карданро дар мамлакат дар заминаҳои қонунӣ иҷозат медод. Ғайр аз ин ба хориҷиёне, ки қонунро поймол кардаанд, имконоти ҳаллу фасли мақоми ҳуқуқии худ бидуни ягон санксия дода шуд.

    Моҳи апрели соли ҷорӣ муовини вазири ВКД ФР Александр Горовой дар ҷамъомади умумии Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ сухан гуфта, ба намояндагони кишварҳои ИДМ бо хоҳиши ба амал овардани корҳои профилактикӣ бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ муроҷиат намуд, ки онҳо ҳамин ҳозир дар ҳудуди Русия ҳастанд. Ин ба хотири он изҳор гардид, ки кор то ба маҷбуран хориҷ намудан нарасад. А.Горовой инчунин таъкид кард, ки ба қонунпоймолсозии режими муҳоҷирӣ то 15 июн ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ягон амали қонунмандӣ татбиқ намегардад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates