Дар вилояти Оренбурги Русия ҳавопаймои хурд суқут кард, ки дар натиҷа ҳамаи аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора воситаҳои ахбори оммаи Русия рӯзи душанбе, 2 феврал хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар дохили ҳавопаймо ду курсант ва як инструктор ҳузур доштанд. Онҳо ҳалок шудаанд.

Ҳавопаймои “Diamond” ба Институти авиатсияи граждании Санкт-Петербург тааллуқ дошта, парвози омӯзиширо анҷом медод, хабар медиҳад korrespondent.net.