Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ба Самарқанд омад

    Ҳукумат 2 Aprel 2025 3279

    3–4 апрели соли ҷорӣ дар Самарқанд аввалин ҳамоиши расмии «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» баргузор мегардад. Имрӯз, 2 апрел, Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта барои иштирок дар ин чорабинии муҳим ба кишвари мо омад.

    Меҳмони воломақомро дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд бо тантана Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов ва як қатор шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Баъд аз суҳбати кӯтоҳ Президенти Шӯрои Аврупо тибқи барномаи сафараш ба нуқтаи навбатии боздиди худ рафт.