Дар конгресс раиси ҳайати таҳририяи лоиҳаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар маҷмӯъҳои ҷаҳон» академик Акмал Саидов, раиси раёсати Ҷамъияти умумиҷаҳонӣ оид ба омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси фарҳангии Ўзбекистон Фирдавс Абдухолиқов, директори Донишкадаи дастнависҳои қадимаи Академияи илмҳои Русия Ирина Попова, асосгузори Донишкадаи Осиёи Марказӣ ва Кавказ профессор Фредрик Старр (ИМА), инчунин беш аз 250 олимони шарқшиноси номдори ҷаҳон иштирок доранд. Воқеаи марказии Конгресс муаррифии 10 китоб-албомҳои нави силсилаи «Мероси фарҳангии Ӯзбекистон дар маҷмӯъҳои ҷаҳон» хоҳад буд.
Дар рафти Конгресс бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ (ЮНЕСКО, IRCICA, ICESCO, Бунёди Ал-Фурқон ва ғайра) ёддоштҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Воқеаи муҳими чорабинӣ маросими кушоиши расмии Маркази сайёҳии Самарқанд "Samarkand Silk Road" мегардад, хабар медиҳад АИ "Дунё".
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаи кор олимони шарқшинос, ширкаткунандагони Конгресси VI байналмилалӣ резолюция қабул карда, ба унвони Президенти Ӯзбекистон муроҷиатнома омода кунанд.