Дар Самарқанд полиси экологӣ таъсис дода мешавад

    Аз 6 сентябри соли 2021 дар Самарқанд ба тариқи таҷриба кори полиси экологӣ ташкил карда мешавад. Дар ин бора хидмати матбуоти Раёсати экология ва ҳифзи муҳити зисти Вилояти Самарқанд хабар дод.

    Ташкили полиси экологӣ 24 августи соли равон дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои беҳтар намудани вазъи экологӣ, самаранок ташкил кардани ҳифзи дарахтон ва васеъ кардани майдонҳои кабудизор таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев баррасӣ шуд.

    "Ба зиммаи полис оид ба мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи экология, аз ҷумла худсарона буридани дарахтон, партофтани партовҳо дар ҷои номумкин, қӯруқшиканӣ ва ғайра вазифаҳо гузошта мешавад. Дар баробари ин, ҳаҷми ҷарима дар соҳаи экология 5 маротиба ва ҳаҷми ҷуброни зарар 2 баробар зиёд карда мешавад », -- гуфта мешавад дар хабар.

    Мувофиқи хабар, дар манотиқи кишвар масоҳати кабудизор се -чор маротиба кам шудааст. Сатҳи обҳои сатҳизаминӣ ва зеризаминӣ коҳиш ёфтааст. Дар ҷаласа вазифаҳои муҳим оид ба беҳтар намудани вазъи экологӣ ва васеъ намудани майдонҳои кабудизор муайян карда шуданд, хабар медиҳад "Samcity.uz".

    Таъкид гардид, ки дар ҳар минтақа таъсиси фондҳои «Замини сабз» ба нақша гирифта шудааст. Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар асоси озмун ба ниҳолхонаҳо қитъаҳои замин ҷудо кунанд, аз ҳисоби маблағҳои фондҳои "Замини сабз" ба аҳолӣ дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ройгон тақсим кунанд.

    Сарвари давлат дастур дод, ки чораҳои ҳифзи дарахтон пурзӯр карда шаванд. Аз ҷумла, мораторӣ ба буридани дарахтон то соли 2024 тамдид карда мешавад, масъулият барои вайрон кардани он ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт. Буридани дарахтон дар майдонҳои сабз ва боғҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates