Дар Самарқанд маркази тақсимотӣ оид ба табобати  COVID аз нав ба кор шурӯъ кард

    Бо мақсади табобати мутамаркази гирифторони сирояти коронавирус маркази тақсимотии дорои 1000 ҷой дар маҷмӯи варзишии Самарқанд дубора ба кор шурӯъ кард.

    Он моҳи августи соли гузашта таъсис ёфта, бинобар кам шудани шумораи беморон баста шуда буд.

    "То ин дам бемороне, ки ташхиси COVID-19 доштанд, дар ду беморхонаи махсуси дорои 340 кат табобат мегирифтанд", -- мегӯяд раиси ассотсиатсияи шаҳри Самарқанд Ахмадҷон Бободҷонов. - Аммо, бинобар зиёд шудани шумораи беморон, маҷбур шудем, марказро кушоем. Дар ин ҷо барои табобати беморон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилоят меоянд, ҳама чизи зарурӣ мавҷуд аст, тақрибан сад нафар мутахассисон кор мекунанд".

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates