Дар Самарқанд хидмати Yandex Go ба кор дароварда шуд

    Нақлиёт 20 Yanvar 2022 924

    20 январ дар Самарқанд Яндекс Go ба кор даромад. Нархи сафарҳо аз 2500 сӯм оғоз меёбад. Масалан, аз маркази савдои Makon Mall то мақбараи Гӯри Амир тақрибан дар ҳудуди 3400 сӯм, аз майдони Регистон то боғи истироҳатии Алишери Навоӣ тақрибан 3300 сӯм арзиш дорад.

    «Акнун ба сокинон ва меҳмонони Самарқанд дигар лозим намеояд, ки дар кӯча мошин доранд ва вақташонро беҳуда ба занг задан сарф кунанд. Дар баробари ин дар экрани телефон тамоми маълумоти зарурӣ, масалан, моделу рақамҳои мошин, вақти ба берун баромадан дам ба дам намоён мешавад. Маълумот дар бораи сафар дар замима нигоҳ дошта мешавад, дар он ҷо хадамоти дастгирӣ низ мавҷуд аст, ки ҳафт рӯз дар як ҳафта ва рӯзҳои ид кор мекунад”, – шарҳ медиҳад, директори иҷроияи Yandex Go оид ба рушди бозорҳои Осиёи Марказӣ Тамирлан Шапиев.

    Дар Самарқанд нархи дақиқи сафар ба корбарон ҳангоми фармоиши мошин маълум аст – барои ин шумо бояд дар замима суроғаи нуқтаи таъинотро ворид кунед. Агар ба сабаби таъмири роҳ ронанда аз хатсайр берун равад ҳам, нарх тағйир намеёбад. Шумо метавонед пули сафарро бо пули нақд пардохт кунед.

    Yandex Go технологияҳои худро истифода мебарад: харитаҳо, масир, паймоиш ва низоми оқили тақсимоти фармоиш.

    Барои маълумот: Yandex Go дар Ӯзбекистон моҳи апрели соли 2018 ба кор дароварда шудааст. Ин хидмат ба ғайр аз Самарқанд дар панҷ шаҳар: Тошканд, Фарғона, Марғилон, Намангон ва Андиҷон фаъолият нишон медиҳад. Yandex Go ронандагон ва мошинҳои худро надорад. Ин хидмат бо интиқолдиҳандагони маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунад. Барномаи ройгон барои iOS ва Android бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва бисёр забонҳои дигар дастрас аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates