Дар вилояти Самарқанд 130 мероси фарҳангӣ зери хатари нобудшавӣ қарор доранд

    Фарҳанг 21 Avgust 2023 2180

    Дар вилояти Самарқанд оид ба муҳфизати ёдгориҳои фарҳангӣ конфронси матбуот барпо гардид.

    «Дар вилояти Самарқанд 1607 объекти мероси моддию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади муайян, баҳисобгирӣ, ҳифз, оммавӣ гардонидани объектҳои мероси моддию фарҳангӣ, пешбурди феҳристи давлатӣ, феҳристи электронӣ, шиноснома ва кадастри давлатӣ, муайян намудани ҳудудҳои муҳофизати махсус ва амалӣ намудани назорати доимии давлатӣ дар ин самт як қатор корҳо амалӣ карда шуданд, — гуфт сардори раёсати ҳудудии мероси маданӣ Ботир Шайматов.

    Аз ҷумла, дар иншоот 815 аломати муҳофизатӣ ва 244 аломати роҳ насб карда шудааст. Ба 1537 объект назоратчиёни халқӣ вобаста карда шуда, ҳуҷҷатҳои кадастри давлатӣ тартиб дода шудаанд. Дар объектҳои мероси моддии фарҳангӣбо иқтидори сайёҳӣ 13 то WI-Fi ва QR код, 50 та аудиогид насб карда шуданд.

    «Ҳамчунин 1607 объект барои ташхиси дуюми таърихию фарҳангӣ ба Агентии мероси фарҳангӣ пешниҳод гардида, ба 789 объект шиноснома дода шуд. Илова бар ин, ба Агентии мероси фарҳангӣ оид ба масъалаи 130 объекти археологии мероси фарҳангӣ маълумот дода шуд», - илова намуд Шайматов.

    Дар давраи гузашта дар вилоят 176 объекти нави бостоншиносии мероси фарҳангӣ муайян карда шуда, айни замон корҳои омӯзиши онҳо идома дорад. Корҳо оид ба насби турникетҳои замонавӣ барои бақайдгирии электронии убури сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ҷойҳои ҷолиби вилоят идома доранд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates