Чорабинӣ аз ҷониби ситоди Вазорати энергетика якҷоя бо филиали минтақавии «Ўзнефтгазспекция»-и Самарқанд ва филиали таъминоти гази «Худудгаз Самарқанд» ӣашкил карда шуд.
Ин нуқтаи стансияи автомобилии гузпуркунии компрессорӣ дар ҳудуди минтақаи хурди саноатии «Оромгоҳ» ҷойгир аст.
Тибқи ҳисобҳои аввалия ҳаҷми гази табиии ғайриқонунӣ истифодашуда 5 миллиону 424,0 ҳазор метри мукааб ва зарари ба давлат расонидашуда 5 миллиарду 424,0 миллион сӯмро ташкил додааст, ки имрӯз барои истеъмоли шабонарӯзии 300 ҳазор хонавода басанда хоҳад буд.
Ҳуҷҷатҳо дар бораи ин қонуншиканиҳо барои андешидани чораҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетика.