Тавре ки Report хабар медиҳад, дар бораи ин ҳолат Вазорати тандурустии ин анклав дар канали Telegram-и худ иттилоъ додааст.
«Дар 24 соати охир дар бемористонҳои Ғазза 6 ҳолати фавт бар асари гуруснагӣ ва камғизоӣ ба қайд гирифта шуд», – омадааст дар изҳороти ин ниҳод. Бо ин, шумораи умумии нафароне, ки бар асари гуруснагӣ фавтидаанд, ба 175 нафар расид, ки аз ин шумора 93 нафар кӯдакон мебошанд.
Бино ба маълумоти охирини Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии қурбониёни шиддатгирии низоъ дар Ғазза аз моҳи октябри соли 2023 то имрӯз ба 60 430 нафар расида, зиёда аз 148 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.