Дар Сенат бо ҳайати Парлумони Аврупо мулоқот баргузор гардид

    23 феврали соли 2022 дар Сенат мулоқоти Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо ҳайати вакилон таҳти сарварии Раиси Кумитаи оид ба корҳои хориҷии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер ба амал омад.

    Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи равобит бо Иттиҳоди Аврупо, бахусус робитаҳои байнипарлумонро баррасӣ карданд.

    Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни вакилони парлумони кишварҳо ҳайатҳо мунтазам ташриф меоранд, вакилони парлумон фаъолияти қонунбарориро меомӯзанд ва табодули таҷриба мекунанд.

    Зимни мулоқот Д. Макаллистер қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба рушди босуръати шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн эътибор зоҳир менамояд.

    Вай аз ҷумла қайд кард, ки «ба шарофати тадбирҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти рушди кишвар андешидашуда мо омодаем, ки ин ислоҳотро дастгирӣ намоем».

    Вай изҳори итминон кард, ки ворид шудани Ӯзбекистон ба рӯйхати Иттиҳоди Аврупо GSP+ ва ин имтиёзҳо барои соҳибкорон имкониятҳои хуб боз мекунад ва ба афзоиши иқтидори содиротии Ӯзбекистон хизмат мекунад.

    Инчунин, оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мубодилаи афкор ба амал омад, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates