Дар Сенат бо намояндаи олии Котиби генералии СММ мулоқот баргузор шуд

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо намояндаи олии Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Фотима Рабабхоним мулоқот кард.

    Дар рафти мулоқот масъалаҳои барои дурнамои Ӯзбекистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим баррасӣ шуданд.

    Ҳамин тавр, оид ба масъалаҳои инкишоф додани алоқаҳои тиҷоратӣ дар роҳи баҳрӣ, тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакати мо ва нақшаҳои оянда мубодилаи афкор барпо гардид.

    Ҳамчунин ба густариши равобити хуби Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя тайи солҳои охир, масъалаҳои тағйирёбии иқлим, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, рушди низоми савдои онлайн, амнияти хатсайрҳои транзитӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

    Зимни суҳбат масъалаҳои савдои хориҷӣ, нақлиёт ва коммуникатсия дар минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин корҳое, ки дар ин самт дар сатҳи байналмилалӣ амалӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates