Зикр мешавад, ки сӯхтор дар яке аз маҳаллаҳои фақирнишини Сеул рух додааст. 258 нафар эвакуатсия карда шуданд, ки аз миёни онҳо тақрибан 180 кас бар асари сӯхтор манзили зисти худро аз даст додаанд.
Ба иттилои агентӣ, сӯхтор пас аз ҳашт соат пурра хомӯш карда шуд ва ҳукумати шаҳри Сеул барои осебдидагон паноҳгоҳи муваққатӣ ташкил намуд.
Тибқи маълумоти хадамоти оташнишонӣ, оташ зуд ба хонаҳои ҳамсоя, ки онҳо аз маводи зудсӯз сохта шуда буданд, паҳн шудааст.