Дар ИДМ созишномаи намунавӣ дар бораи таъмини эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони корӣ тартиб дода мешавад

    28 декабр дар қароргоҳи ИДМ ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Созишномаи намунавӣ «Дар бораи таъмини эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.

    Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод ширкат доштанд.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти кумитаи иҷроияи ИДМ, коршиносон тавофуқ карданд, ки номи ин санад ба “Созишномаи намунавӣ дар бораи таъмини эътирофи мутақобилаи муҳоҷирони кории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” тағйир дода шавад.

    Иштироккунандагони ҷамъомад инчунин фикру мулоҳизаю пешниҳоди лоиҳаи шартномаи намунавиро дида баромада, ба матн як қатор иловаю аниқиҳо дохил намуда, зарурати таҳияи иловагии истилоҳот ва дигар нуқтаҳои онро иброз доштанд.

    Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ моҳи марти соли 2024 баргузор шавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates