Дар Сирдарё “Форуми иқтисодӣ ва фарҳангии Ўзбекистон – Осиёи Марказӣ – Чин” ва “Ярмаркаи сайёҳии дохилӣ” баргузор гардид

    Сайёҳӣ 27 Avgust 2024 693

    Дар маркази соҳибкорону ҳунармандони шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё “Форуми иқтисодӣ ва фарҳангии Ўзбекистон – Осиёи Марказӣ – Чин” баргузор шуд.

    Дар ин ҳамоиш ҳайатҳои расмии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Чин, намояндагони корпусҳои дипломатии дар кишвари мо номнависшуда ва зиёда аз 500 нафар тоҷирони маҳаллӣ ва хориҷӣ ширкат доштанд.

    Дар доираи чорабинӣ вохӯриҳо дар форматҳои "G2B" ва "B2B" баргузор гардида, намоишгоҳ ташкил карда шуд, ки дар он 350 намуди маҳсулот ва хизматрасонӣ дар зиёда аз 20 самти соҳибкорӣ ба намоиш гузошта шуд.

    Дар доираи форум “Ковун Сайлӣ” ("Сайли харбуза") баргузор гардид, ки дар он шаҳру ноҳияҳо дар 11 павилон меваю сабзавот, аз ҷумла харбузаҳои дар минтақаҳои худ парваришёфтаро ба маърази тамошо гузоштанд.

    Бар замми ин, аз ҷониби раёсати сайёҳии вилояти Сирдарё Ярмаркаи сайёҳии дохилӣ» ташкил карда шуд.

    Дар анҷоми форум дар амфитеатри ба номи Тура Сулаймони шаҳри Гулистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон таҳти шиори “Дар ваҳдат як халқем, якҷоя кишвари тавоноем" гала-консерт баргузор гардид. Дар консерт артистони мамлакати мо, ансамблҳои фолклорӣ, мазҳакачиёни боистеъдод, инчунин аҳли санъати Қазокистон ва Тоҷикистон баромад карданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates