Дар Сирдарё истеҳсоли мошинҳои Hyundai оғоз ёфт

    Нақлиёт 26 Iyul 2024 1419

    Дар вилояти Сирдарё дар заводи «Asaka Motors» истеҳсоли мошинҳои "Hyundai" оғоз шуд, хабар медиҳад ҳокимияти вилоят.

    Қайд карда мешавад, ки «Asaka Motors International» бо яке аз ширкатҳои бонуфузи автомобилсозӣ "Hyundai Motor Company" шартномаи дарозмуддати ҳамкорӣ имзо кард.

    Дар айни ҳол дар завод, ки дар ноҳияи Сирдарё воқеъ гардидааст, шаш русуми автомобилҳо: Elantra, Tucson, Sonata, Santa Fe, Palisade и Staria истеҳсол карда мешаванд.

    Ширкати "Astana Motors" ба фурӯши мошинҳо, рушди марказҳои дилерӣ ва равандҳои хидматрасонӣ машғул аст.

    Ҳокимият ёдовар шуд, ки "Asaka Motors International" дар Ӯзбекистон ягона дистрибютори расмии автомобилҳои Opel, Fiat ва Alfa Romeo буда, инчунин истеҳсолкунандаи бренди Exeed-и Чин мебошад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates