Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ шаҳрванд Э.Б. (қаблан суд шудааст) ва дигарон ҳангоми фурӯхтани 1600 доллари қалбакӣ (аз купюраи 100 долларӣ иборат буданд) ба маблағи 10,2 миллион сӯм ба шаҳрванд М.Х. дар назди маскани хидмати патрули роҳи “Сардоба”-и ноҳияи Оқолтин, дастгир карда шуданд.
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 176-и Кодекси ҷиноӣ (таҳия ва интиқоли пулҳои қалбакӣ, тамғаҳои аксизӣ ё коғазҳои қиматнок) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Шаҳрвандон ва соҳибкорони мӯҳтарам, кирдори шахсе, ки қалбакӣ будани пулро надониста, онро гирифта, баъдан интиқол диҳад, боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад.
Аз ин рӯ, бо анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон воситаи пардохти қонунӣ маҳсуб мешавад, шумо худро аз амалҳои ғайриқонунӣ муҳофизат хоҳед кард, гуфта мешавад дар гузориш.