Тибқи маълумоти пешакй, ҳодисаи фоҷиабор дар хонаи хусусие рух додааст, ки дар он корҳои сохтмону таъмир идома доштанд. Муайян карда шудааст, ки деги гармидиҳии дар таҳхонаи хона насбшуда ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набудааст. Илова бар ин, хона бе гирифтани шартҳои техникии зарурӣ ва бо риоя накардани тартиби муқарраршуда ба шабакаи газ пайваст карда шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса прокуратураи ноҳияи Мирзо Улуғбек тибқи моддаҳои 116, 257 ва 205-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Дар айни замон тафтишоти пешакӣ аз ҷониби прокуратураи шаҳри Тошканд идома дорад.

Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои фоҷиабор ҳангоми истифодаи таҷҳизоти газӣ ва асбобҳои гармидиҳӣ талаботи бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кардан зарур аст.

Насби таҷҳизоти газӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳӣ бояд тибқи тартиби муқарраршуда ва танҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибихтисос анҷом дода шавад. Ҳамчунин ҳолати техникии онҳоро мунтазам санҷидан лозим аст.

Қоидаҳои бехатариро сарфи назар накунед! Худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед!