Дар вилояти Сирдарё навъҳои беҳтарини анори озарбойҷонӣ парвариш карда мешаванд

    Бо кӯмаки Сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Озарбойҷон директори генералии ширкати "Tovuz-Baltiya" Наиг Мамедгасанов бо сарвари ҶММ "Деҳқонобод асл анори" Исроил Неъматов ва намояндагони ҳокимияти вилояти Сирдарё музокироти онлайнӣ анҷом дод. Ҷонибҳо имкони татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар бахши истеҳсоли анор баррасӣ карданд.

    Зимни суҳбат Наиг Мамадгасанов бо истинод ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмию маркетингии худ таъкид кард, ки Ӯзбекистон дар истеҳсоли анор, ки дар бозори ҷаҳонӣ талабот зиёд аст, имконоти бузург дорад. Вай изҳороти худро бо он тасдиқ кард, ки анорро метавон дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дорусозӣ ва косметикӣ васеъ истифода бурд.

    Ҷониби Озарбойҷон аз талошҳои ҳукумати Ӯзбекистон барои рушди анорпарварӣ истиқбол намуда, омодагии худро барои ширкат дар ин раванд тасдиқ кард. Дар доираи ин фаъолият директори генералии "Tovuz-Baltiya" пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистонро дар бораи ҳамроҳ шудан ба татбиқи лоиҳа дар вилояти Сирдарё, ки парвариши навъҳои беҳтарини анори озарбойҷонӣ ва инчунин содири маҳсулотро ба бозорҳои хориҷӣ пешбинӣ менамояд, мусбат арзёбӣ намуд.

    Дар охири мулоқот оиди ташрифи сарвари ширкати "Tovuz-Baltiya" ба вилояти Сирдарё барои баррасии масъалаҳои амалии ҳамкорӣ дар соҳаи анорпарварӣ тавофуқ ҳосил шуд, хабар EastFruit.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates