Дар ИМА дар корхонаи кимиёвӣ таркише ба амал омад, тамоми шаҳр кӯчонида шуд

    Муҳим 15 Iyun 2021 712

    Дар корхонаи азнавкоркарди нафти Иллинойс якбора сӯхтори бузург ба амал омад. Оқибатҳои ҳолати фавқулодда метавонанд ба офати экологӣ табдил ёбанд.

    Хадамоти оташнишонӣ аз бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор бо об саркашӣ карданд, зеро моддаҳои кимиёвӣ метавонанд ба дарё ворид шуда, боиси нобудшавии олами наботот ва ҳайвоноти маҳаллӣ шаванд, менависад РИА ФАН.

    Бинои корхонаи азнавкоркарди нафт пурра ба коми оташ фурӯ рафт, аммо баъзан таркишҳо ба гӯш мерасанд. Ҳукумат тақрибан ҳашт ҳазор нафарро эвакуатсия кард.

    Дар ҳоли ҳозир наҷотбахшон кӯшиш мекунанд, муайян намоянд, ки дудҳои заҳролуди кислотаи сулфат, нитроген ва қӯрғошим ба шаҳрҳои ҳамсоя чӣ гуна таҳдидҳо меоранд.

    Тамоми ҳолат ва сабабҳои рӯйдод муқаррар карда мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates