Дар ИМА «суперваксина»-е офаридаанд, ки рушди саратонро бозмедорад

    Тибқи маълумот, дар 88% мушҳое, ки ба онҳо ин ваксина гузаронида шуд, варамҳо инкишоф наёфтанд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин ваксина на танҳо варамҳои мавҷударо коҳиш медиҳад, балки метавонад пешгирии пайдошавии саратонро низ таъмин намояд.

    Олимони амрикоӣ «суперэмкунӣ»-и наве ба асоси нанозарраҳо офариданд, ки дар таҷрибаҳои ба мушҳо гузаронидашуда тавонист пурра афзоиш ва паҳншавии меланома, саратони ғадуди зери меъда ва саратони ногувори шадиди секаратаи ғадуди синаро боздорад. Дар ин бора TRT Haber хабар медиҳад.

    Тадқиқот дар кафедраи муҳандисии биомедикалии Донишгоҳи Массачусетс дар шаҳри Эмҳерст гузаронида шуд. Таъкид мегардад, ки то 88% мушҳое, ки ба онҳо ваксина гузаронида шуд, умуман варам пайдо накарданд. Натиҷаҳо собит намуданд, ки ваксина на танҳо варамҳои мавҷударо хурд мекунад, балки метавонад аз пайдошавии саратон пешгирӣ намояд.

    Олимон бар ин назаранд, ки ин ваксина, ки ҳанӯз дар одамон санҷида нашудааст, метавонад ба як платформаи умумиҷаҳонӣ барои мубориза бо намудҳои гуногуни саратон табдил ёбад. Агар ваксина аз озмоишҳои клиникӣ гузарад, метавонад ба яке аз аввалин усулҳои табобат табдил ёбад, ки қодир аст паҳншавии саратонро дар бадани инсон пурра боздорад, менависад korrespondent.net.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates