Дар аэропорти байналмилалии пойтахт гузаргоҳ боз шуд

    Нақлиёт 1 Iyul 2021 950

    Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ҶС «Uzbekistan Airports» гузаргоҳеро, ки тавассути эстакадаи мавҷуда ба терминали хати байналмилалии Тошканд-2 мегузарад, кушод. Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз 10 июли соли 2021 дар ҳолати санҷишӣ оғоз мешавад.

    Дар давраи санҷиш дар назар аст, ки гузаргоҳ ба терминали парвоз дар сатҳи аввал барои таксиҳои литсензиядор, ки бо фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов шартнома ба имзо расондаанд, автобусҳо ва микроавтобусҳои туристӣ бо дархости Вазорати сайёҳӣ ва варзиш, воситаҳои нақлиёти автомобилии ҳайатҳои хориҷӣ, ки тавассути VIP ва Business Loung хизмат расонда мешаванд, кушода мешавад.

    Ҳаракат қатъиян мутобиқи аломатҳои роҳ ва лавҳачаҳои иттилоотӣ бо назардошти ҳамаи талаботи бехатарӣ сурат мегирад.

    Қоидаҳои гузаштан ба терминали хатҳои ҳавопаймоии байналмилалии Тошканд-2:

    1) Хатти рости роҳгузар барои гузариши автобусҳо ва микроавтобусҳои туристӣ пешбинӣ шудааст.

    2) Хатти чап - барои таксӣ.

    3) Гузариши ройгон ва ба кӯтоҳмуддат фаровардани мусофирон дар гузаргоҳ барои автобусҳо ва микроавтобусҳои сайёҳӣ на бештар аз 10 дақиқа аст. Ҳангоми аз меъёр зиёдатӣ истодан барои ҳар 10 дақиқаи иловагӣ ҳақ ситонида мешавад.

    4) Гузариши ройгон ва фаровардани мусофирон дар гузаргоҳ барои таксӣ на бештар аз 5 дақиқаро ташкил медиҳад. Ҳангоми аз меъёр зиёдатӣ истодан барои ҳар 5 дақиқаи минбаъда ҳақ ситонида мешавад.

    5) Истодан дар хатти зард, ки хатҳои рост ва чапи гузарро тақсим мекунад, манъ аст.

    6) Таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар хатти зард вайрон кардани қоидаҳои истифодаи эстакада ба ҳисоб меравад, ки барои он ҷарима пешбинӣ шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates