Дар Сурхондарё ба баргузории ҷашнвораи фолклори “Баҳори Бойсун” омодагӣ мебинанд

    Фарҳанг 17 Fevral 2022 1794

    Супоришот оиди барқарор намудани Ҷашнвораи байналмилалӣ дар Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 феврали соли 2022 ишоар мегардад. Ҷашнвора моҳи апрели соли ҷорӣ дар фазои деҳаи Паданги ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё баргузор мешавад.

    Шурӯъ аз имсол ҷанвораи анъанавӣ акнун дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

    Баргузории ҷашнвораи бонуфуз дар ноҳияи Бойсун, ки арзиши беназир ва мероси ғании фарҳангии ғайримоддӣ дорад, маънои амиқ дорад, зеро соли 2001 фазои фарҳангии Бойсун ба ЮНЕСКО ҳамчун “шоҳкори мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии башарият” шомил карда шуд, моҳи майи соли 2002 бошад, дар ноҳияи Хушманзара аввалин ҷашнвораи кушоди фолклории ҳунармандони мардумии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

    Қисмати озмунии ҷашнвора аз рӯи номинатсияҳои санъати фолклори суруду рақси: Алла, Улан, Лапар, рақсҳои мардумӣ, расму ойинҳо, бозиҳои мардумӣ баргузор мешавад.

    Дар вилояти Сурхондарё ба ҷашнвораи фолклории “Баҳори Бойсун” омодагии ҷиддие идома дорад, ки он ҳунармандони санъати байналмилалӣ, устоён ва фолклоршиносонро ба ноҳияи Бойсун даъват мекунад. Ҳамчунин ҷиҳати беҳбуди инфрасохтори вилоят, ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атроф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиёну мухлисон корҳо идома доранд.

    Дар доираи ҷаншвора ташкили конфронси илмию эҷодӣ, семинарҳо, суҳбатҳои “мизи мудаввар”, сайрҳои мардумӣ, консертҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо, ташкили сайёҳатҳо ба ҷойҳои ҷолиби диққат ба нақша гирифта шудааст.

    Намоишгоҳҳои либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои санъати тасвирӣ ва амалӣ, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, дискҳои аудио ва видео, китобҳо, албомҳо, суратҳо ташкил карда мешаванд.

    Шоуҳои дронҳо, мусобиқаҳои этноспортӣ ва марафонҳои велосипедронӣ ба чорабинӣ дилрабоии махсус мебахшанд.

    Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ, дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ бо тасвири рамзи фестивал сарфароз гардонида мешаванд. Санаи дақиқи баргузории ҷашнвора рӯзҳои наздик эълон хоҳад шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates