Чӣ хеле ки хабар шуда буд, дар вилояти Сурхондарё ҳолати ба шавҳар додани духтари ноболиғро таҳти назорат гирифта, воқеиятро меомӯзад.
Тавре аён гардид, дар ноҳияи Деҳнав зане бо номи М.Р. (соли таваллудаш 1958) наберадухтари ноболиғи худ А.Р. (соли таваллудаш 2009)-ро ба М.Р. ном ҷавон аз ҳамин ноҳия (соли таваллудаш 1997) ба шавҳар додааст.
Азбаски А.Р. ба балоғат нарасидааст, никоҳи онҳо бо М.Р. тибқи тартиб сабти қонунӣ нашудааст. Аммо марде бо номи И.М. (соли таваллудаш 1950) бар ивази манфиати моддӣ онҳоро никоҳи шаръӣ кардааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба И.М. тибқи банди якуми моддаи 125 ва ба М.Р. мувофиқи моддаи 128 Кодекси ҷиноятӣ,
парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ҳоло тафтиши пешакии парванда аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии идораи корҳои дохилии ноҳияи Деҳнав идома дорад.







