Дар ин бора хадамоти матбуотии пулис хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои DHC-6-400 Twin Otter пеш аз баргузории машқҳои парашютӣ парвози санҷишӣ анҷом медод. Ҳавопаймо тақрибан соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ аз ноҳияи Хуахин ба парвоз бархоста, пас аз чанде суқут кардааст ва дар наздикии фурудгоҳи Хуахин ба баҳр афтодааст.

Ҳамаи шаш корманди пулис, ки дар ҳавопаймо буданд, ба ҳалокат расиданд. Оид ба ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст, хабар медиҳад aa.com.tr.