Ин тадбир ба хотири фароҳам овардани шароити иловагии мусоид барои аҳолӣ ва ҷилавгирӣ аз роҳбандӣ дар рӯзи иди Рамазон қабул шудааст.
“Тамоми ҳамлу нақли мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт (автобусҳо ва метро) 10 апрел аз соати 4:00 то 10:00 ройгон сурат мегирад”, - омадааст дар хабар.
Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хостааст, ки ҳангоми сафар ба макони таъинот дар рӯзҳои ид аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.