Дар ин бора дар конфронси матбуот дар АИКО бо иштироки роҳбарият ва шахсони мансабдори ШС «Ўзбектелеком» хабар доданд.
Барои татбиқи лоиҳаи мазкур ШС «Ўзбектелеком» бо корпоратсияҳои “Huawei” ва “ZTE” ҳамагӣ ҳашт шартнома имзо кард.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо натиҷаҳои зерин ба даст оварда мешаванд:
васеъ намудани имкониятҳо ва фарогирии аҳолӣ бо истифода аз хизматрасонии телекоммуникатсионӣ;
баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ;
фарогирии пурраи шоҳроҳҳои байналмилалӣ бо интернети баландсуръати мобилӣ;
фарогирии пурраи интернети мобилии баландсуръат дар роҳҳои оҳани тамоми ҷумҳурӣ;
насби стансияҳои пойгоҳии авлоди панҷуми стандарти 5G дар шаҳри Тошканд ва марказҳои тамоми минтақаҳо;
васеъ намудани иқтидори гузарониши шабакаҳои додани маълумот ва шабакаҳои нақлиёти магистралӣ.