Хадамоти матбуоти Сарсадорати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар дод, ки ин шахс тибқи тартиби маъмурӣ боздошт шудааст.

Тибқи иттилоъ, шаби 5 январ, тахминан соати 01:35 шаҳрванд О.С. (соли таваллудаш 1984), дар ҳолати мастӣ дар яке аз биноҳои бисёрошёнаи ноҳияи Яшнобод дари хонаи ҳамсояаш Д.Ю.-ро кӯфта, ӯро безобита намудааст.

Ӯ дар ҷойи ҷамъиятӣ ашёеро, ки метавонад ҳамчун силоҳи сард истифода шавад, ғайриқонунӣ бо худ гирифта, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.

Вобаста ба ин ҳолат аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия фавран чора андешида шуда, ҳуқуқвайронкунанда бо тартиби маъмурӣ боздошт шудааст.

Аз рӯи ин ҳолат, аз ҷониби Садорати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Яшнобод нисбат ба шаҳрванд О.С. тибқи моддаҳои 183 (бетартибии хурд), 185-2 (бо худ доштани силоҳи сард ё ашёе, ки метавонад ҳамчун силоҳи сард истифода шавад) ва 194 (иҷро накардани талаботи қонунии корманди мақомоти корҳои дохилӣ)-и Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ баённомаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳуҷҷатҳои ҷамъшуда ба суди ноҳияи Яшнобод оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ирсол гардиданд. Бо қарори суд нисбат ба ин шахс ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.