Дар Тошканд таксиҳои хатсайрӣ ба кортҳои нақлиётӣ мегузаранд

    Нақлиёт 29 Noyabr 2021 1260

    Ширкати ATTO якҷоя бо Раёсати нақлиёти Тошканд зина ба зина пардохти роҳкироро дар таксиҳои хатсайрӣ бо кортҳои нақлиётӣ ва бонкӣ ("Uzcard кобейдж", "Humo", "Humans", "Visa Mastercard", "Mир", "China Union Pay") ҷорӣ менамояд.

    То имрӯз ба системаи автоматии АТТО хатсайрҳои зерин пайваст карда шудаанд: № 27, 34, 68, 52, 110, 135. Дар ояндаи наздик васл кардани якчанд хатсайрҳои дигар пешбинӣ шудааст: № 63, 171м, 11м, 92м, 111м, 191м, 31м, 11и, 19и, 18м, 166м, 41м. Ва то охири соли 2022 имкони пардохт тавассути корт дар ҳама хатсайрҳои Тошканд пайдо мешавад.

    Ёдовар мешавем, ки аввалин таксиҳои хатсайрӣ моҳи августи соли ҷорӣ ба системаи автоматикунонидашудаи пардохти роҳкиро ҳамроҳ шуданд. Барои зиёд кардани шавқу ҳаваси мусофирон дар моҳҳои августу сентябр аксия амал кард — ҳангоми пардохт бо картаи наклиётӣ роҳкиро 200 сӯм арзон шуд.

    Дар охири моҳи август тавассути кортҳои нақлиёт 5,1 ҳазор ва дар моҳи сентябр 7,3 ҳазор транзаксия ба қайд гирифта шудааст. Дар моҳи октябр нишондиҳандаҳо афзоиш ёфта, 8,8 ҳазор транзаксияро ташкил доданд, ки нисбат ба моҳи август 70 фоиз зиёдтар аст. Тибқи пешгӯиҳо, то охири моҳи ноябр суръати пардохтҳо тавассути кортҳои нақлиётӣ дар микроавтобусҳо аз 9,2 ҳазор транзаксия зиёд мешавад.

    Тибқи натоиҷи мониторинги семоҳа, маъмултарин хатсайри мусофирон "№135" будааст, ки аз истгоҳи метрои "Буюк ипак йӯли" то "шаҳраки Мирзо-Улуғбек" мегузарад. Ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати АТТО, ҳиссаи хатсайр 41 фоизи ҳаҷми умумии пардохтҳоро ташкил дод.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates