Дар намоишгоҳ ба нақша гирифта шудааст, ки кулолгарӣ, кандакории чӯбу ганч, нақшу нигори ороишӣ, оҳангарӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ ва наққошӣ, заргарӣ, миниатюраҳои заргарӣ, лаку китоб, сувенирҳо ва дигар соҳаҳои ҳунармандӣ ба намоиш гузошта шаванд.
Дар қисмати бадеии чорабинӣ ҳамзамон дар чанд ҷойи кӯчаи сайёҳӣ зери садои карнай – сурнай барномаҳои консертӣ ташкил карда мешаванд. Ансамбли "Мақом"-и ба номи Юнус Раҷабӣ бо намоишҳои эҷодии худ ба меҳмонони дохиливу хориҷии намоишгоҳ табъи болида мебахшанд.