Дар Тошканд намоишгоҳи «Plast & Mould Central Asia 2025» оғоз шуд

    Саноат 21 May 2025 1945

    21 май дар Маркази байналмилалии намоишигогҳи «Узэксмарказ»-и шаҳри Тошканд намоишгоҳи «Plast & Mould Central Asia 2025» оғоз гардид.

    Раиси Палатаи савдо ва саноат Даврон Ваҳобов дар маросими ифтитоҳ ширкат варзид.

    Дар доираи намоишгоҳ лоиҳаҳои «Plast Central Asia» ва «Mould Central Asia» муттаҳид карда шудаанд. Дар он беш аз сад ширкати ватанӣ ва байналмилалӣ аз Чин, Туркия, Русия, Олмон ва Ӯзбекистон маҳсулоти худро муаррифӣ мекунанд. Дар миёни онҳо истеҳсолкунандагони пешқадам, таъминкунандагони технологияҳо ва ашёи хом ҷой доранд.

    Дар чорабинӣ дастгоҳҳои тазриқӣ (инъексионӣ), низомҳои муосири қолабсозӣ, маводи хом ва технологияҳои автоматикунонӣ намоиш дода мешаванд.

    Ҳамзамон, барномаи тиҷоратӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ, мулоқотҳои B2B ва платформаҳо барои баррасии лоиҳаҳои нав низ ташкил шудаанд.

    Намоишгоҳ то 23 май идома хоҳад ёфт.

    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates