Дар Тошканд ҷаласаи 37-уми Шӯрои СМЗТ СҲШ ба кор шурӯъ кард

    Имрӯз, 25 март дар Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) ба кори худ оғоз кард.

    Чорабинӣ бо маросими расмии ба вазифа шурӯъ намудани директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ намояндаи Ӯзбекистон Руслан Мирзаев оғоз шуд.

    Ба ҷамъомад ҷониби Хиндустон раисӣ мекунад. Дар кори он ҳайатҳои мақомоти салоҳиятдори Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ иштирок доранд.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо баррасии вазъи амнияти минтақавӣ, муҳокимаи вазъи кунунӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ дар фазои СҲШ, табодули афкор намудан доир ба сатҳи ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ, муайян намудани чораҳои муштаракро оид ба вокуниш ба чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амниятии созмонҳои террористии байналмилалӣ ба нақша гирифтаанд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 36-уми Шӯрои СМЗТ СҲШ 18 марти соли 2021 дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates