Мулоқот бо шинондани дарахтони сарони ҳайатҳо дар боғи СМЗТ СҲШ оғоз ёфт. Ин маросим рамзи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ормонҳои муштараки кишварҳои узви ин созмон дар роҳи рушду шукуфоӣ буд.
Ҷаласаро Қазоқистон раҳбарӣ мекунад. Дар кори он ҳайатҳои мақомоти салоҳиятдори Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ иштирок доранд, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё» З.Юлдошқулов.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо баррасии вазъи амнияти минтақавӣ, баррасии вазъи кунунӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ дар фазои СҲШ, табодули афкор дар бораи сатҳи ҳамкориҳои мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ, муайян намудани чораҳои муштарак оид ба вокуниш ба чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амниятӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ ба нақша гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки 14 октябри соли 2022 дар НЮ-Деҳли таҳти раёсати Ҳиндустон ҷаласаи 38-уми Шӯрои СМЗТ СҲШ баргузор шуд.









