Тақвияти ҳамкориҳои миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳои қаблан дар соҳаи ҳамкориҳои саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзошударо баррасӣ карданд.
Инчунин оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи боғдорӣ, кирмакпарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ табодули афкор сурат гирифт.