Маълумот: Бино соли 1912 аз рӯи лоиҳаи меъмор Вилгелм
Гейнтселман сохта шудааст. Дар ибтидо он ҳамчун депои трамвай истифода шуда,
баъдан ба неругоҳи барқи дизелӣ табдил дода шудааст. Имрӯз бо ҳифзи намуди
таърихӣ ва хусусияти саноатии бино, он ба маркази санъати муосир, маориф, таҳқиқот
ва муколамаи фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Лоиҳа бо ташаббуси роҳбари давлат амалӣ шуда, намунаи барҷастаи ҳифзи мероси
таърихӣ ва бахшидани мазмуни нави муосир ба он мебошад.
Консепсияи меъморӣ, ки аз ҷониби бюрои маъруфи фаронсавии
Studio KO таҳия
шудааст, мероси таърихиро бо инфрасохтори муосир муттаҳид мекунад. Дар марказ
толорҳои намоишгоҳӣ, фазоҳои таълимӣ ва ҷамъиятӣ, китобхона ва инфрасохтори таҳқиқотӣ
фаъолият хоҳанд кард.
Муҳим
он аст, ки дар ин ҷо на танҳо таърих ҳифз шудааст, балки ба он мазмуни нав
бахшида шудааст.
Дар фазое, ки замоне неру тавлид мешуд, имрӯз неруи нав — неруи эҷодкорӣ, ғояҳои
нав, санъат ва муоширати одамон ба вуҷуд
хоҳад омад.
Интизор
меравад, ки CCA Tashkent на танҳо дар
Тошканд, балки дар Осиёи Марказӣ ба яке аз марказҳои нави ҷалби фарҳангӣ табдил
ёбад.
Дар
ин ҷо намоишгоҳҳои санъати муосир, лексияҳо, намоиши филмҳо, таҳқиқот, баҳсҳо,
консертҳо, перформансҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву таълимӣ баргузор хоҳанд
шуд.