Дар Тошканд пеши роҳи гардиши ғайриқонунии ваксинаи COVID-19 гирифта шуд

    Бехатарӣ 12 Avgust 2021 895

    6 июли соли равон ба номи сардори СРҶҶ-и Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз шаҳрванд М.М. ариза расид. Дар он вай  хоҳиш кардааст, ки нисбати Зебо ном шахсе чора андешад, ки вай дар паёмрасони Telegram эълони фурӯши ваксинаи COVID-19-ро, ки аз ҷониби давлат ройгон барои эмкунии аҳолӣ дода шудааст, ҷойгир намудааст.

    Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораи фаврӣ андешиданд, ки дар ҷараёни он онҳо амалан дар назди қаҳвахонаи "Гурман", ки дар кӯчаи Лутфии ноҳияи Учтепаи пойтахт воқеъ гардидааст, ҳангоми гирифтани 1400 доллари ИМА шаҳрванд А.З.-ро дастгир карданд. Вай ният дошт 186 доза ваксинаи ӯзбекистониву чиниро ба маблағи 27,7 миллион сӯм (150 ҳазор сӯм барои ҳар як воя) фурӯшад.

    Ҳангоми тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки зан ин ваксинаҳоро аз шаҳрванд Б.С, ки ба ҳайси ҳамшираи калон дар яке аз клиникаҳои оилавии ноҳияи Яккасаройи Тошканд кор мекунад, гирифтааст.

    Бинобар ҳолати мазкур Шӯъбаи тафтишотии назди УКД-и ШКД ноҳияи Яккасарой нисбати шаҳрвандон А. З. ва Б. С. аз рӯи банди "б" қисми 2-юми моддаи 1863 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд . Бино ба иттилои Раёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии Сарраёсати кофтукови ҷиноии ВКД тафтишот идома дорад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates