Мошинҳои нави боркаши  MAN TG дар Тошканд муаррифӣ шуданд

    Нақлиёт 8 Oktabr 2021 792

    Ширкати "Uz Truck & Bus Motors" дар Тошканд авлоди нави автомобилҳои боркаши MAN TG3-ро тақдим кард. Моделҳои нав барои муқаррар кардани стандартҳои нав дар самаранокӣ ва сарфакорӣ, роҳати ронандагон, бешикаст  кор кардан ва осонии мизоҷон дар тиҷорат пешбинӣ шудаанд.

    Хусусиятҳои фарқкунандаи хати нави мошинҳои боркаш тарҳи замонавӣ, низоми мукаммали бехатарӣ бо истифода аз системаи идоракунии автоматӣ ва имконоти зиёди дастрас мебошанд, ки ба имкон медиҳад онҳоро ба талабот ва хоҳиши ҳар як муштарӣ мутобиқ созанд.

    Истеҳсоли ин моделҳо аллакай дар корхонаи ширкат дар вилояти Самарқанд азхуд карда шудааст. То имрӯз, ҳафт намуди прототипҳои ин техника ҷамъоварӣ карда шудаанд, ки аз ҳама озмоишҳо гузаштаанд, аз ҷумла мутобиқшавӣ ба шароити иқлимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хабар медиҳад хидмати матбуоти "Uz Truck & Bus Motors".

    Ширкати "Uz Truck & Bus Motors" инчунин сертификати мутобиқатро гирифт, ки имкон медиҳад истеҳсоли силсилавии ин моделҳо оғоз шавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates