Ин чорабинӣ намояндагони фурудгоҳҳои байналмилалӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои идоракунанда ва коршиносони пешбари соҳаи авиатсияро гирди ҳам овард.
Форум бо суханони ифтитоҳии вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов ва Дабири кулли Форуми байналмилалии нақлиёт (ITF) Ён Те Ким оғоз ёфт.
Дар ҷаласаҳои панелӣ иштирокчиён тамоюлҳо ва мушкилоти асосии соҳаи авиатсияи муосир, масъалаҳои рушди инфрасохтор, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли ҳавоӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсиониро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар байни спикерҳо намояндагони ширкатҳои Boeing, Airbus, TAV Technologies, Vision Invest, Sojitz Corporation, Uzbekistan Airways, Uzbekistan Airports, Turkish Airlines, Pegasus Airlines ва дигарон ҳузур доштанд.
Раиси шӯрои идоракунии Uzbekistan Airports Ҷавлонбек Умархӯҷаев дар бораи корҳои бузург оид ба таҷдид ва навсозии инфрасохтори фурудгоҳҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои сабз ва каммасраф, ҳамчунин ҳалли рақамии нав, ки ба беҳтар намудани шароити мусофирон ва баланд бардоштани сатҳи амният равона шудаанд, сухан гуфт. Ӯ таъкид намуд, ки рушди фурудгоҳҳо ҷузъи ҷудонашавандаи стратегияи рушди устувори системаи нақлиётии Ӯзбекистон буда, дар таҳкими иқтидори транзитии кишвар нақши муҳим мебозад.
Дар форум ба масъалаҳои таъмини амнияти парвозҳо, рақамисозии равандҳои авиатсионӣ, робитаи авиатсия ва туризм, инчунин рушди сармояи инсонӣ — тайёр кардани мутахассисони насли нав барои соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин Форуми ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд, ки дар он ислоҳот дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, дурнамоҳои рушди авиатсияи хусусӣ, рушди устувор ва ҷорӣ намудани технологияҳои экологии тоза баррасӣ гардиданд.
Форум бо ҷаласаи гурӯҳи кории Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба авиатсияи гражданӣ ба анҷом расид.