Дирӯз, 14 май, дар Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон вохӯрии навбатии корӣ бо иштироки вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷ. Мирзамаҳмудов, вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Ш. Ҳамраев, вазири энергетикаи Қазоқистон Е. Аккенженов, вазири хоҷагии об ва обёрии Қазоқистон Н. Нурҷигитов, вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қирғизистон Т. Иброев, инчунин дигар роҳбарони масъул баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таъмини кори мунтазами низоми обу энергетикаи се кишвар дар фасли тобистон муҳокима шуда, ҷадвали кори шабакаҳои барқӣ мувофиқа карда шуд.
Дар доираи чорабинӣ лоиҳаҳои муштараке, ки дар ҳоли иҷро қарор доранд, аз ҷумла вазъи феълии лоиҳаи сохтмони НБО-и Қамбарота-1 ва масъалаҳои мувофиқаи тавозуни обу энергетикӣ баррасӣ гардиданд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расида, доир ба дар фурсати наздик ҳамоҳангсозона баргузор намудани чорабиниҳои зерин мувофиқа ҳосил шуд.