Дар ин чорабинӣ роҳбарон ва масъулони ширкатҳои энергетикии ҳар ду кишвар низ иштирок карданд.

Ҳангоми музокирот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории дуҷониба, ки бо ташаббуси президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оғоз шудааст, пайгирона ва самаранок, хусусан дар бахши энергетика рушд меёбад.

Масъалаҳои ҳамоҳангсозии кори системаҳои энергетикӣ, рушди шабакаҳои барқ ва зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи нерӯи барқ баррасӣ шуданд.

Илова бар ин, тарафҳо оид ба масъалаҳои техникӣ дар доираи лоиҳаи «Пайвастшавии дубора ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» табодули афкор карданд.

Дар поёни вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои бародарӣ ва шарикии стратегӣ ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар таъкид намуданд.