Ҳайатҳои ҷонибҳоро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов ва муовини Раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов раҳбарӣ карданд.
Мавзӯи асосии рӯзномаи машваратҳои сиёсӣ густариши минбаъдаи шарикии стратегии ду кишвар буд. Таъкид гардид, ки роҳбарони ду кишвар барои идомаи динамикаи баланди мусбат дар муносибатҳои Ӯзбекистону Туркманистон заминаи мустаҳкам гузошта истодаанд.
Зимни машваратҳои сиёсӣ ҳамчунин ҳадафҳо оид ба тамоми самтҳои ҳамкорӣ, инчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ низ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.