Дар Тошканд анҷумани тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор шуд

    Дар Тошканд дар арафаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамоиши тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он беш аз 200 намояндаи доираҳои расмӣ ва тиҷоратии ду кишвар ширкат доштанд.

    Ҳамоишро муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуданд.

    Зимни суханронӣ сарони ҳайатҳои ду кишвар имконоти назаррасро барои тавсеаи шарикии иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки баландтехнологӣ, ба роҳ мондани робитаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёз ва рушди бозорҳои ояндадор қайд намуда, намояндагони соҳибкори Ӯзбекистону Тоҷикистонро барои ҳамкории фаъол ва бомуваффақият даъват намуда, ҳамзамон омодагии ҳукуматҳои ду кишварро барои расонидани ҳама гуна дастгирии зарурӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак таъкид намуданд.

    Эълон шуд, ки бо мақсади фаъол гардонидани савдои мутақобила ва ҳавасмандгардонии рушди кооператсияи саноатӣ дар ояндаи наздик дар мавзеи “Ойбек” ва “Фотеҳобод” минтақаи наздисарҳадии тиҷоратию саноатии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» таъсис дода, ба он иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистика ва инфрасохтори зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.

    Ҳамчунин аз нияти ду кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои саноати сабук, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, дорусозӣ, электротехника, истихроҷи маъдан ва энергетика эълон карда шуд. Дар ин росто имкониятҳои Ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон дар соли 2021 ҳамчун василаи муассири дастгирии лоиҳаҳои бахши хусусӣ таъкид гардид.

    Дар ҷараёни форум ҳамчунин доир ба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёту логистика ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ маълумот дода шуд.

    Инчунин дар ҳошияи чорабинӣ вохӯриҳои мақсадноки иштирокчиён дар форматҳои “B2G” ва “B2B” баргузор шуданд. Дар натиҷаи форум 75 ҳуҷҷати тиҷоративу иқтисодӣ ба маблағи 1 062,6 миллион доллар ба имзо расид, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармогузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates