Дар чорабиние, ки дар маҷмааи варзишии «Универсал» баргузор шуд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ӯзбекистон Вон До Ён, вазири варзиш Адҳам Икромов, муовини раиси Кумитаи миллии олимпӣ ва раиси Ассотсиатсияи таэквондо WT Ӯзбекистон Шерзод Тошматов иштирок намуданд.
Дар суханрониҳои худ масъулон таъкид карданд, ки рушди ин навъи варзиш дар кишвари мо ба марҳалаи нав ворид гардида, варзишгарони ӯзбек дар арсаи байналмилалӣ натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд ва баргузории чунин мусобиқаҳо барои таҳкими робитаҳои дӯстона миёни ду давлат омили иловагӣ мебошад.
Илова бар ин, онҳо ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии таэквондо, ки ҳар сол 4 сентябр таҷлил мегардад, табрик гуфта, ба онҳо таманниёти самимии худро баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи наврасон варзишгароне, ки аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ омадаанд, иштирок доранд.












