Аввалин рейси чартерии ширкати ҳавопаймоии Чин "North-Western Cargo"-ро дар Тошканд истиқбол гирифтанд

    Нақлиёт 4 Sentabr 2024 763

    Ширкати ҳавопаймоии чинии "North-Western Cargo International Airlines" (NWCIA) нахустин парвози чартерии худро дар масири "Сиан - Тошканд - Сиан" 4 сентябри соли ҷорӣ анҷом дод.

    Бино ба иттилоъи “Uzbekistan Airports”, дар назар аст, ки ҳамлу нақли ҳавоии бор дар масири “Сиан – Тошканд – Сиан” тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 757-200 бо зарфияти борбардории то 25 тонна анҷом дода шавад.

    Дар марҳалаи аввал парвозҳо ҳафтае як маротиба ва баъдан зиёд шудани басомад ба се маротиба дар як ҳафта сурат мегиранд.

    Барои маълумот: North-Western Cargo International Airlines (NWCIA) як ширкати ҳавопаймоии боркаши Чин мебошад, ки қароргоҳаш дар Сиан ҷойгир аст.


    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates