Нишондиҳандаҳои сифати ҳавои шаҳри Тошканд ба таври назаррас беҳтар шуд

    Сайёраи сабз 3 Dekabr 2025 147

    «Ӯзгидромет» маълумоти стансияҳои автоматиро, ки сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосфераро назорат мекунанд, бино ба ҳолати 3 декабри соли 2025, соати 09:00 эълон кард.

    Тибқи маълумот, миқдори заррачаҳои PM10 дар ҳавои пойтахт 125 мкг/м³-ро ташкил дода, аз меъёри муқарраргардида зиёд нест.

    Ҳамзамон, сатҳи заррачаҳои майдаи дисперсии PM2.5 то 70,2 мкг/м³ боло рафта, ин нишондиҳанда аз меъёри иҷозатшуда (60 мкг/м³) 1,2 баробар зиёд аст.

    Тибқи маълумоти портали IQAir, ҳавои Тошканд бино ба ҳолати 3 декабр дар рейтинги шаҳрҳои ҳавояш нотоза дар мақоми 23-юм қарор дорад.

    Бино ба таъкиди «Ӯзгидромет», тағйири шадиди ҳарорати ҳаво ҳодисаи инверсияро ба вуҷуд оварда, он боиси ҷамъшавии зарраҳои майда дар ҳаво ва болоравии консентратсияи онҳо мегардад.