Лоиҳа таҳти унвони «Ҳалқа»-ро ширкати «Шабакаи миллии барқи Ӯзбекистон» бо истифода маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ амалӣ менамояд.

Пешбинӣ шудааст, ки зерстансияи  «Ҳалқа», ки иқтидораш 1602 МВА мебошад, сарбории зерстансияи «Келес»-и вилояти Тошкентро хеле кам мекунад. Ширкати “Ўзэлектроаппарат-Электрошит” ғолиби тендерҳои байналмилалӣ оид ба корҳои сохтмонӣ эътироф гардид.

Корҳои сохтмону васлкунӣ то охири соли 2024 анҷом дода мешаванд.