Дар доираи моҳи фаврӣ-профилактикии «Кишвари бехатар ва солим» кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд дар ҳамкорӣ бо идораи минтақавии Хадамоти амнияти давлатӣ чорабинии махсус гузаронида, фаъолияти се нафареро қатъ карданд, ки бе дониши кофӣ ва бе иҷозатномаи дахлдор, бо роҳи ғайриқонунӣ донишҳои динӣ меомӯзонданд ва ба истилоҳ «хуҷра»-ҳои махфӣ ташкил карда буданд.
Аз ҷумла, муайян гардид, ки марди 33-сола дар манзили муваққатии худ дар ноҳияи Тошканд 13 кӯдак, марди 42-сола дар хонаи иҷораи истироҳатӣ дар ноҳияи Бӯстоник 20 кӯдак ва зани 36-сола дар таҳхонаи хонаи худ дар ноҳияи Юқоричирчиқ 6 ноболиғро таълим медодаанд.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд, нисбати ин шахсон ва инчунин волидоне, ки вазифаҳои худро оид ба тарбияи фарзандон иҷро накардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунӣ чораҳо андешида шуданд.
Барои маълумот: мувофиқи моддаи 229² Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вайрон кардани тартиби таълими донишҳои динӣ пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боиси маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то се сол мегардад.